Дар Бишкек масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбоев мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ табодули афкор атрофи вазъи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.
Ҳамсуҳбатон масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ва таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Назирмад Ализода зикр намуд, ки Тоҷикистон азм дорад, бо дарназардошти манфиатҳои миллии худ ва бо ҷустуҷӯи қарорҳои ба ҳарду ҷониб муносиб раванди музокирот оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро пайгирона идома диҳад.








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






