Дар Бохтар ҷаласаи чоруми Шӯрои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид

Июнь 10, 2021 10:18

ДУШАНБЕ /10.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нахустин Форуми  байниминтақавии соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар шаҳри Бохтар ҷаласаи 4-уми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз созмондиҳандагони ҷаласа буда, дар он беш аз 70 нафар намояндагони соҳибкорони хурду миёна, аъзоёни Шӯрои соҳибкорони ду кишвар иштирок намуданд, хабар медиҳад Палатаи савдо  ва саноати Тоҷикистон.

Дар ҷаласа зикр шуд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷонибдори рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, тавсеаи таъминоти муштараки маҳсулоти саноатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳавасмандгардонии савдои тарафайн ва инчунин ба рушди ҳамкории сармоягузорӣ амалигардонии лоиҳаҳо ва барномаҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти ду кишвар, мебошанд.

Рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ба манфиати тарафайн ва  тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар асоси принсипҳои ҳамсоягии нек асос ёфтааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии ду кишвар, муайян гардидаанд.

Тибқи рӯзномаи Шӯрои корӣ ҳисоботи Раисони қисмҳои миллии Шӯрои соҳибкорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуданд. Инчунин дар ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва тиҷорати электронӣ матраҳ гардиданд. Аз натиҷаи ҷаласаи чоруми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, Протокол ба имзо расид, ки дар он тадбирҳо оид ба тақвияти минбаъдаи иштироки соҳибкорони хурду миёна дар чорабиниҳои дар қаламрави тарафҳо дар соли 2022 пешбинӣ шудаанд, дар заминаи палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар, инчунин Ёддошти тафоҳум байни Палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба идоракунии тиҷорати наздимарзии ҳамкориҳо дар рушди кирмакпарварӣ ва атлас дар доираи лоиҳаи RUTSIS ба имзо расонида шуд.

Аксҳо аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон

Июнь 10, 2021 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд