Дар Бохтар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 09.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон бо кори худ оғоз намуд, иттилоъ дод хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Зулайхо ҒОИБОВА.
Сараввал, меҳмонони ӯзбекистонӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзии вилояти Хатлон дидан намуда, ба ташкилкунандагони он баҳои баланд доданд.
Ҳамин тавр идомаи форум дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар сурат гирифт. Дар кори он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ муовини якуми Сарвазири ҶТ Давлаталӣ Саид ба сухан баромада, аз ҳамкории пайваста бо кишвари дӯсту бародар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ибрози андаша кард.
Сипас муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умрузоқов аз ташабусҳои наҷибу созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар назди ҳозирин сухан гуфт.
Гуфта шуд, ки дар оянда низ робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон боз ҳам вусъат меёбанд.











«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст






