Дар Душанбе ҷаласаи шашуми Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи шашуми Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид.
Дар кори Шӯро роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин кормандони масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ ва намояндагони ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, як қатор ташаббусҳои созанда нисбати ба рушди ин соҳаи муҳими иқтисодӣ амалӣ гардиданд.
Зикр шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуда, таваҷҷуҳи гардишгарони хориҷӣ рӯз аз рӯз ба Тоҷикистон зиёд гардид. Агар дар соли 2019 –ум 1 миллиону 257 ҳазору 300 нафар ба ҳайси сайёҳ ба ҷумҳурӣ омада бошад, дар соли 2020 бинобар паҳншавии пандемия дар ҷаҳон, дар маҷмӯъ 350 ҳазору 539 нафар сайёҳ омад, ки нисбат ба ҳамин давра 906,9 ҳазор нафар ё 72,2 фоиз кам мебошад.
Дар ҷаласа супориш дода шуд, ки тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳолатҳои санитарию гигиенӣ, сохтмони иншооти хизматрасонии сарироҳӣ чораҷӯӣ намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ имрӯз тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таъмин буда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 қабул гардидааст”.
Ба аъзои Шӯрои байниидоравӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти худро дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷоннок намуда, дар ин самт масъулияти бевосита дошта бошанд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода оид ба иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи панҷуми Шӯрои байнидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти иҷрои Нақша чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, гузориш дод.
Оид ба рушди сайёҳӣ дар вилояти Суғд, мушкилиҳо ва роҳҳои бартараф намудани онҳо намояндаи масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гузориш дод.
Дар кори ҷаласаи Шӯро ҳамзамон оид ба татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар маҳалҳо ва тадбирҳо оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузоришҳои роҳбарияти ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе шунида шуданд.
Дар хотимаи ҷаласаи Шӯро барои бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта, татбиқи босамари ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, иҷрои босифати «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва омодасозии соҳа ба пазироии сайёҳон дар шароити баъдибуҳронӣ, хусусан рушди сайёҳии дохилӣ аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Аксҳо аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.













Нақшаи пилласупорӣ дар вилояти Хатлон 76,9 фоиз иҷро гардид
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ Тсюй Дунъюй ба иқтидори кишоварзии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд
ПУЛИ САРМОЯГУЗОРӢ. Дар чорабинии канорӣ роҳҳои ҷалби захираҳои молиявӣ баррасӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад
Нигина Анварӣ: «Фонди махсуси навсозии системаҳои ирригатсионии Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад»
Олег Кобяков: «Конфронси Душанбе ба таҳияи барномаи нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ мусоидат мекунад»
Дар Душанбе оид ба Стратегияи рақамии дигаргунсозии системаҳои агроозуқаворӣ ҷаласа доир шуд
Раймунд Йелле: «Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим нақши муҳим дорад»
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо намояндагони пешбари ширкатҳои технологии чинӣ вохӯрӣ намуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ идома дорад
Доир ба робитаи байни захираҳои обӣ, энергетика, озуқаворӣ ва экосистемаҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаласа баргузор шуд






