Дар Душанбе Форуми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи савдои хориҷиро бо давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/ то 61 фоиз афзоиш додааст, ки бузургтарин шарикони тиҷоратии кишвар Россия, Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб мераванд. Ин матлабро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар Форуми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай, ки имрӯз дар сатҳи вазирони иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» дар Душанбе доир гардид, баён намуд.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар форум вазирон ва намояндагон аз кишварҳои аъзо ва нозири СҲШ- Россия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Беларус, Озарбойҷон, Эрон ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Завқӣ Завқизода дар оғози форум гуфт, «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки дар шароити кунунии ҷаҳонӣ тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар фазои СҲШ ниҳоят зарур мебошад”.
Зикр шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар кишвар барои рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо як зумра корҳои назаррас амалӣ шудаанд. Қабули консепсия ва барномаи рушди иқтисоди рақамӣ, расман ба фаъолият оғоз намудани Портали савдои Тоҷикистон аз соли 2019, ки то имрӯз аз он зиёда аз 270 ҳазор нафар аз 40 кишвари ҷаҳон истифода намудаанд, аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошад.
Иброз гардид, ки солҳои охир минтақаи СҲШ дар соҳаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия ба пешрафти чашмрас ноил гардидааст, аммо дар ин самтҳо ҳанӯз ҳам имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуданд. Вобаста ба ин Завқӣ Завқизода таҳияи Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки паркҳои текникӣ ва технологияҳои рақамӣ бо кӯмаки иттиҳодияи байнибонкии СҲШ, аз ҷумла дар минтаҳаҳои озоди иқтисодӣ, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи иттилоотӣ, рушди инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва содагардонии расмиёти савдоро дар фазои СҲШ тавсия дод.
Иттилоъ дода шуд, ки савдои электронӣ тақрибан 20 фоизи савдои ҷаҳониро ташкил дода, тибқи арзёбии коршиносони соҳа он то соли 2025 то 25 фоиз афзоиш меёбад.
Дар Форум Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия М.Рошетников, Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Б. Султанов, Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Х. Карима, муовини вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон О.Рустамов, муовини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон А.Элнур ва роҳбарони дигар ҳайатҳо оид ба густариши ҳамкории муштарак дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия баромад намуда, аз расми меҳмоннавозӣ ва дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани форум ба ҷониби Тоҷикистон баҳои баланд доданд ва омодагии худро ҷиҳати ҳарчӣ бештар тақвият додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи СҲШ иброз доштанд.
Дар охири форум бо мақсади ҳарчӣ бештари тақвияти ҳамкории минбаъда дар самтҳои зикршуда, дар доираи СҲШ аз ҷониби иштирокчиёни Форум «Эъломияи Душанбе» қабул гардид.
Аксҳо аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ










Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






