Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд

Июнь 26, 2021 10:02

ДУШАНБЕ, 26.06.2021/АМИТ «Ховар»/.  Шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо  иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, аҳли илму адаб ва мухлисони зиёди фарҳанги рус маросими ботантанаи ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре мухбири  АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, барномаи фарҳангиро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён ва Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов  оғози расмӣ бахшида, баргузор намудани  барномаи фарҳангиро таҳкимбахши робитаҳои соҳавии ду кишвар арзёбӣ намуданд.

«Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дарҳои кушод  муносибати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакатамонро бо кишварҳои дигар барқарор ва мустаҳкам намудааст.  Рушди муносибатҳо миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси таърихӣ, ояндаи дурахшон дорад ва ин робитаҳоро метавон бо роҳи баргузор намудани барномаҳои фарҳангию фароғатӣ тақвият бахшид. Инчунин робитаҳои дуҷонибаи давлатҳои мо дар самтҳои гуногун рушд карда истодаанд, ки ин аз таваҷҷуҳи бевоситаи сарони ду давлат сарчашма мегирад. Мо умедворем, ки аз ҳунарнамоии аҳли фарҳанги Россия каме ҳам бошад, баҳра мебардоред ва итминон дорам, ки санъаткороне, ки ба ин ҷо ташриф овардаанд, бо ҳунари волои худ табъи шуморо болида мегардонанд. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол басо сарфарозанд, ки фазои фарҳангии кишварамон ҳамеша рангин  аст», — гуфт муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён.


Ҳайати 54 нафараи  ҳунармандони рус  дар Рӯзҳои фарҳангии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунару маҳорати хешро баҳри ҳаводорону мухлисони тоҷик пешниҳод намоянд.

Дар  ин шом ҳаваскорони Театри давлатии академии рақсии Москва «Гжел» иборат аз 54 нафар барномаи рақсии худро пешкаши меҳмонон ва иштирокдорон гардониданд. Инчунин аз ҷониби ҳунармандони Федератсияи Россия рақси тоҷикӣ бо маҳорати баланд иҷро гардид, ки аз ҷониби меҳмонони бо  хушҳолӣ ва қарсакҳои бардавом қабул гардид.


Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Самандар Абдуллоев дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки «баргузори Рӯзҳои фарҳангӣ замина барои боз ҳам ошноӣ пайдо намудан аз фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба намудан аз навгониҳо дар соҳаи фарҳанг мебошад. Дар баробари баргузории  Рӯзҳои фарҳангӣ, инчунин дар бештар  теартҳои тоҷик табодули таҷриба миёни ҳунармандони театрҳои Россия ва Тоҷикистон баргузор гардида истодаанд».

Бояд гуфт, ки 21 июн бахшида ба оғози Рӯзҳои фарҳанги дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши Осорхонаи давлатии таърихию меъмории Вологодаи Федератсияи Россия таҳти унвони «Вологодская кружево» баргузор гардид.

Ҳамчунин ҳунармандони Федератсияи Россия аз 26 ва 27 июни соли равон ба шаҳри Норак, НБО –и «Норак», ноҳияи Варзобу Данғара сафар намуда,  аз ҷониби  ҳунармандони рус  дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара барномаи фарҳангӣ  баргузор мегардад. Инчунин меҳмонон аз  «Кохи Наврӯз», Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар мавзеъҳои ҷолибу тамошобоби пойтахтИ тоҷикистон  боздид менамоянд.

Маросими анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузори намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва арғумонҳои миллӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» доир мегардад.

Бояд гуфт, ки як намунаи олии ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия- ин баргузории рӯзҳо ва чорабиниҳои дигари фарҳангӣ дар давлатҳои ҳамдигар мебошад. Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия се маротиба – солҳои 2005-2011-2015 ва Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чор маротиба солҳои 2004-2010-2014-2017 баргузор гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ин маротиба панҷмум  аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аввалин маротиба  моҳи октябри соли 2005 баргузор гардида буданд, ки дар расми кушодашавии он   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда буданд.

 

Фирӯзаи Давлат,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Июнь 26, 2021 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор мегарданд
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус