Дар Душанбе «TajRupt» — нахустин лабораторияи зеҳни сунъӣ ифтитоҳ гардид, ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст

Июнь 10, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 10.06.2921/АМИТ «Ховар»/. Нахустин озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ дар минтақаи  Осиёи Марказӣ бо номи «TajRupt» дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард. «TajRupt» бо дастгирӣ ва мусоидати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи муассисаи мазкур кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумон, Вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар, Раиси Бонки миллӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таълимии зертобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

-Тавонмандсозии ҷавонони кишвар дар соҳаи зеҳни сунъӣ аз ҳадафҳои асосии таъсиси муассиса маҳсуб меёбад,- мегӯяд муассис ва роҳбари «TajRupt» Азизҷон Азимӣ.

Барномаи таълимии «TajRupt» дар шакли баъд аз мактаб тартиб дода шуда, 10 ҳафта давом мекунад ва иборат аз 75 дақиқаи дарсҳои интерактивӣ, дар як ҳафта се маротиба мебошад. Донишҷӯ дар TajRupt,  дар доираи барномаи таълимии 10-ҳафтаӣ як қатор мафҳумҳоро, аз қабили сиёсати давлатӣ, фалсафа, бозорҳо, ВАО, технология, ҷаҳонишавӣ ва корҳои байналмилалӣ ва баробарии гендериро меомӯзад. Барномаи таълимӣ ба се сатҳ тақсим карда шудааст, ки аз рӯи таркиб ва мавзӯъҳои мушаххас фарқ мекунанд.      Барои ҳавасмандгардонии таваҷҷӯҳи донишҷӯён ба барномаи таълимӣ,   забони англисӣ  ҳамчун забони асосии муошират дар синф  ҷорӣ гардидаааст.

Акс аз Вазорати  саноат ва технологияҳои нав

Июнь 10, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад