Дар Душанбе зимни баргузории конфронси муштараки илмию амалӣ масъалаи таҳкими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуд

Июнь 3, 2021 14:32

ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллӣ бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон конфронси муштараки илмию амалӣ дар мавзӯи «Нуқтаҳои нави густариш ва таҳкими ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» баргузор гардид. Конфронси мазкур дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он намояндагони вазорату муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишмандон, коршиносон ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ ширкат намуданд.

Тавре сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов иброз дошт, муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар миёни муносибатҳои минтақавӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамоянд. Зеро муносибатҳои ин ду давлат муносибатҳои таърихӣ ва анъанавӣ буда, чӣ аз ҷиҳати урфу одат, расму оин, дин ин ду халқ бо ҳам наздик аст.

«Бояд гуфт, ки ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ дар соҳаи иктисод, фарҳанг, саноат, хоҷагии қишлоқ, илму маориф ва тандурустӣ барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ мешавад. Вақте сухан дар бораи муносибати ду миллати  дӯсту бародар меравад мо  ҳатман Абдураҳмони Ҷомиро бо Алишер Навоӣ мисол меорем. Ба ҳамин монанд дар давраи ҷаҳонишавӣ ду чеҳраи дигари сиёсату таърих, маданияту фарҳанги ҳарду миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳастанд, ки дар даврони навин ва соҳибистиқлолии ҳарду мамлакат асоси сиёсати нави бародаронаи ду давлатро барқарор карданд ва мо имрӯз натиҷаи онро эҳсос мекунем»,-  афзуд  Зубайдулло Давлатов.

Ба зикри мавсуф,  дар  соли 2020 гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиёда аз 500 млн доллари амрикоиро ташкил намуд ва ҳарду давлат  тасмим гирифт, ки дар солҳои минбаъда гардиши молро бо савдои иқтисодӣ ба зиёда аз 1 миллиард доллар расонанд.

Мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии  Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зилола Икромова иброз дошт, ки «дар солҳои хело кӯтоҳ аз 2018 инҷониб муносибатҳои ҷумҳуриҳои Точикистону Ӯзбекистон дар сатҳи баланд қарор дорад. Ин аз муносибатҳои хубу бародаронаи сарони ду давлат шаҳодат медиҳад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки гузаронидани чунин конфронсҳо барои устувории муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистну Ӯзбекистон нақши асосӣ дошта, умед меравад, ки минбаъд низ ҳамкориҳои  ду давлат дар тамоми соҳаҳо рушд меёбад».

Июнь 3, 2021 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд