Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум як зумра қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд

Июнь 23, 2021 14:19

ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, вакилон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм»,   «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,   «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ»,  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»,  «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Масъалаҳои мазкурро масъулини соҳа- муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Каримзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамаддовуд Саломиён, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳобзода, вакилони Маҷлиси намояндагон, fhkраиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, Лутфия Абдухолиқзода,  Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз, Гавҳар Шарофзода, Абдуҷаббор Умаров ва Шодиён Муҳаммад муаррифӣ намуда, дар интиҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 23, 2021 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон