Дар Исломобод дурнамои робитаҳои Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 июн дар чорчӯби сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои ду кишвар ва масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ба аҳамияти тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангиву гардишгарӣ, ҳамкории байнипарлумонӣ таъкид карданд.
Тарафҳо сафари кунунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Покистонро самаранок арзёбӣ карда, изҳори итминон намуданд, ки санадҳои нави дар ҳузури роҳбарони ду кишвар имзогардида ба густариши бештари робитаҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун мусоидат хоҳанд кард.
Дар мулоқот инчунин масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид






