Дар Кӯлоб ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону»-и шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак ҷамъомади бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
«Дар ҷамъомади идона сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Шаҳло Раҳимова ва намояндагони дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуда, нахуст аз маҳсули дастовардҳои кӯдакони муассисаи зикршуда дидан намуда, ҳамаи онҳоро ба Рӯзи кӯдакон табрик карданд”-, афзуд манбаъ.
Масъулини ТҶ «Заршедабону» иброз доштанд, ки фаъолияти муассиса дар доираи қонунунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар назди он курсҳои компютерӣ, дӯзандагӣ, пазандагӣ барои наврасон ташкил шуда, тавонбахшӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд мавҷуд аст.
Бояд гуфт, ки то имрӯз ташкилот ба воситаи Маркази «Парасту» 30 нафар ва Маркази «Меҳрон» 47 нафар кӯдаконро ба воситаи 36 нафар кормандон хизмат расонида истодааст. Фаъолияти дигаре, ки ба воситаи дастгирии шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб ба роҳ монда шудааст- ин ба касбомӯзи ҷалб кардани волидайни кӯдакони имконияташон маҳдуд ва оилаҳои камбизоат мебошанд.
Волидайне, ки кӯдакони худро барои тавонбахшӣ ба муассисаи мазкур меоранд, худи онҳо ба касбҳои дӯзандагӣ, кадбонугӣ ва компютерӣ ҷалб мегарданд.
Аксҳо аз МИҲД-и ш. Кӯлоб









Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд






