Дар Кӯлоб ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади идона доир гардид

Июнь 1, 2021 11:14

ДУШАНБЕ, 01.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону»-и шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак ҷамъомади  бошукӯҳи идона  баргузор гардид.

 Дар ин бора аз Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

«Дар ҷамъомади идона  сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Шаҳло Раҳимова ва намояндагони дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуда,  нахуст аз маҳсули дастовардҳои кӯдакони муассисаи зикршуда дидан намуда, ҳамаи онҳоро ба Рӯзи кӯдакон табрик карданд”-, афзуд манбаъ.

Масъулини  ТҶ «Заршедабону» иброз доштанд, ки фаъолияти муассиса дар доираи  қонунунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар назди он курсҳои компютерӣ, дӯзандагӣ, пазандагӣ барои наврасон ташкил шуда, тавонбахшӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд мавҷуд аст.

Бояд гуфт, ки то имрӯз ташкилот ба воситаи Маркази «Парасту» 30 нафар ва Маркази «Меҳрон» 47 нафар кӯдаконро ба воситаи 36 нафар кормандон хизмат расонида истодааст. Фаъолияти дигаре, ки ба воситаи дастгирии шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб ба роҳ монда шудааст- ин ба касбомӯзи ҷалб кардани волидайни кӯдакони имконияташон маҳдуд ва оилаҳои камбизоат мебошанд.

Волидайне, ки кӯдакони худро барои тавонбахшӣ ба муассисаи мазкур меоранд, худи онҳо ба касбҳои дӯзандагӣ, кадбонугӣ ва компютерӣ ҷалб мегарданд.

Аксҳо аз МИҲД-и ш. Кӯлоб

Июнь 1, 2021 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд