Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.06.2021/АМИТ «Ховар»/. «Ваҳдати миллӣ омили рушди ҷомеа» — таҳти чунин унвон дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 24 –умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир гардид. Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саид Зуҳурзода зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талқин месозанд, ки бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо дар роҳи эъмори он бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем, далели равшану возеҳи тантанаи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқамон мебошад.
-Бо саъю талоши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ҳамзистии осоишта, раванди созандагиро дар ҷомеа фароҳам овард, -афзуд номбурда.
Дар ҳамоиш мутахассиси пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашуров вобаста ба ҳифзи ваҳдати миллӣ изҳор дошт, ки воқеияти сиёсӣ ва ҳақиқати рӯзгор бозгӯйи он аст, ки ба василаи ваҳдати миллӣ давлатҳо муҳимтарину бузургтарин ормону ҳадафҳои миллии худро амалӣ гардонидаанд. Чунин воқеиятро таҷриба ва таърихи сиёсии Тоҷикистон ба таври дақиқ собит намуд, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини пешрафти шахс, ҷомеа ва давлат аст.
Аксҳо аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ








Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд






