Дар ноҳияи Қубодиён Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа таъсис ёфт

Июнь 23, 2021 09:57

ДУШАНБЕ, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар ҷамоати шаҳраки Қубодиёни вилояти Хатлон Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа ифтитоҳ гардид. Маркази мазкур дар заминаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии назди шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Қубодиён таъсис ёфтааст.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  маркази мазкур  аз се утоқи корӣ иборат буда, як ҳуҷраи он  барои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ду утоқи  дигар барои нозирони минтақавӣ ҷудо шуда, ҳамаи онҳо  бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳхаз гардидаанд.

«Дар маросими кушодашавии бинои мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД, полковники милитсия Валихон Ҳамдамзода, муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, генерал-майори милитсия Зикруллоҳ Ҳукуматулло, Раиси ноҳияи Қубодиён Бадриддини Садриддинзода, сардори ШВКД дар ноҳияи Қубодиён,  полковники милитсия Зафар Сайфуллозода, намояндаи Сафорати  ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сита Фаррелл ва кормандони  сохторҳои дахлдор  ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок намуданд.

Раиси ноҳияи Қубодиён Бадриддини Садриддинзода   меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки Маркази мазкур, пеш аз ҳама барои ба даст овардани обрӯю эътибори кормандони милитсия дар байни аҳолӣ мусоидат карда, дар  пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо  нақши муҳим  мегузорад.
Муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Зикруллоҳ Ҳукуматулло  таъкид  кард, ки Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд ва сохтмони ин марказ боз як қадами нав дар татбиқи ислоҳоти милитсия хоҳад буд.

Ҳамоҳангсози миллии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти милитсия  Валихон Ҳамдамзода гуфт, ки  «ҷомеа бояд ҳамеша бо мақомоти милитсия робитаи наздик дошта бошад, зеро кушодани гиреҳи ҷиноятҳо ва  ошкор намудани ҷинояткорон бе ин ҳамкорӣ мушкил аст. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ имрӯзҳо мавриди таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дошта, ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд, ки ин ҳама боиси дар байни мардум баланд гардидани нуфузу мартабаи кормандони  мақомоти мазкур мебошад. Пас моро зарур аст, ки ҳамеша ҷаҳду талош намоем ва ба боварӣ ва эҳтироми  халқ сазовор бошем».
Чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Июнь 23, 2021 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд