Дар Риёз ҳамкории Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ мавриди муҳокима қарор гирифт

Июнь 22, 2021 16:02

ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Риёз вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии халиҷи Форс (ШҲДАХФ)  доктор Нойиф Ал-Ҳаҷраф баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ШҲДАХФ дар соҳаҳои  мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо инчунин перомуни қазияҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.

Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ (GCC) сохтори минтақавие мебошад, ки шаш давлати арабӣ — Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар, Кувайт, Баҳрайн ва Умонро дар бар мегирад.

АКС аз ВКХ ҶТ

Июнь 22, 2021 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд