Дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» ҷамъбаст гардид

Июнь 23, 2021 11:00

ДУШАНБЕ, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даври ниҳоии Озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» доир гардид, ки дар он  30 нафар ғолибони даври аввали ин озмун   довталабӣ намуданд. Дар натиҷа  ҷойи аввалро командири шуъбачаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Ёвон Зоир Раҷабов, мақоми  дуюмро оташнишони Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадулло Сангов, инчунин ду зинаи сеюмро сардори басти НБО-и  «Бойғозӣ» Наҷмиддин Ҳакимов  ва оташнишони қисми 25-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати НБО-и «Роғун» Муҳаммадсалмон Атозода сазовор гардиданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ба ғолибони Озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон»» ва иштирокчиёни фаъоли он аз ҷониби роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ   “Сипоснома”, “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои хотиравӣ  тақдим карда шуданд.

Дар маросими ҷамъбасти ин озмун муовини аввали сардори СХДО ВКД, подполковники хизмати дохилӣ Маҳбуб Маҳмудзода таъкид кард, ки озмуни мазкур  ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида шуда, ҳамчунин идомаи мантиқии тадбирҳо дар роҳи ривоҷ додани китобдорию китобхонӣ дар мамлакат мебошад.

-Ба хотири ҷалби бештари кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба китобхонӣ аз ҷониби роҳбарияти СХДО ВКД сабқатҳои гуногуни зеҳнӣ дар байни кормандони хадамот пайваста роҳандозӣ карда мешаванд, ки Озмуни  «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошад, -афзуд номбурда.

Маҳбуб Маҳмудзода ҳамчунин иброз дошт, ки «даври аввали Озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон»» дар байни тамоми кормандони ҷузъу томҳои СХДО ВКД баргузор гардид ва  аз ин миён 30 нафар ба даври ниҳоии он роҳхат ёфтанд. Ғолибони даври аввали ин озмун имрӯз байни ҳам рақобат карданд ва беҳтаринҳо муайян шуданд. Онҳо давоми чанд муддат ба  ин сабқат омодагии ҷиддию ҳамаҷониба дида, бо шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» боз ҳам бештар ошно гаштанд”.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз шаҳвандони мамлакат даъват ба амал меоранд, ки  ба китобхонӣ  бештар рӯ биоранд. Ба сохтору идораҳо низ супориш дода шуд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд карда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд.

Ёдовар мешавем, ки  аз ҷониби Сарвари давлат ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки барои боло бардоштани маънавиёти шаҳрвандон, сатҳи худшиносӣ ва омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари аллома  Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон»-ро  аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намуда, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намоянд.

Июнь 23, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд