Дар шаҳраки қадимаи Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ якчанд ёдгории таърихӣ кашф гардид
ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон зимни корҳои бостоншиносӣ дар шаҳраки қадимаи Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ анбор ва ошхонаи ҳаффоришударо кашф намуданд, ки аз анбор ду адад хуми ҳаҷман калон барои нигаҳдорию захира намудани донагиҳо ва маводи ғизоии ба замони Кушониён тааллуқ дошта, пайдо намуданд. Дар ҳудуи ошхона оташдонҳо кашф гардиданд, ки барои омода намудани ғизо мавриди истифода қарор мегирифтаанд.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз макони зикргардида сиккаҳои мисӣ ба даст омадаанд, ки дар аверс (рӯй)-и онҳо нимрухи шоҳи Кушонӣ тасвир гардидааст. Инчунин бозёфти ороишоти аз гулмоҳии баҳрӣ омодагардида, аз ҳамкорӣ ва тиҷорат миёни мардуми ин ҳудуд ва дигар минтақаҳо гувоҳӣ медиҳанд.
Бостоншиносон дар яке аз биноҳои ин ёдгорӣ қубури сафолӣ бозёфт намудаанд, ки он аз мавҷудияти низоми обтаъминкунӣ дар ин шаҳр дарак медиҳад.
Ҳамчунин дар натиҷаи ин корҳои бостоншиносӣ ангуштарин, сӯзан, пайкон ва сарнайзаҳои биринҷӣ, буҷилҳо ва дигар ашёи ороишӣ бозёфт гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мушовирони илмӣ аз аввали моҳи июни соли равон дар шаҳри бостонии Сайёд корҳои бостоншиносиро оғоз намуда, аз ин макон як зумра осори аҳамияти муҳими таърихӣ дошта, бозёфт гардидаанд.
Корҳои бостоншиносӣ аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ин ёдгорӣ идома дошта, осори бозёфт гардида, барои возеҳу равшантар намудани паҳлуҳои гуногуни ҳаёти мардуми ин сарзамин мусоидат менамояд.
АКСҲО аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






