Дар Суғд 81219 нафар хонандагон ва омӯзгорон дар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуданд

Июнь 23, 2021 10:15

ДУШАНБЕ, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар тамоми муассисаҳои вилояти Суғд ҷамъбаст гардид, ки дар он 81219 нафар хонандагон ва омӯзгорон иштирок намуданд. Дар ин бора  директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Мавсуф зикр намуд, ки аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимӣ 7931 нафар, омӯзгорон 802 нафар, муррабиён 72 нафар ғолиб омада, ба даври дуюми озмун, ки дар шаҳру ноҳияҳо аз 17 июн то 20 июл баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд. Макони баргузории даври дуюми озмун қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳои шаҳрӣ, муассисаҳои таълимӣ муайян карда шуда, намояндагони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба унвони нозир дар озмун таъйин карда шуда, раванди баргузории озмунро назорат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Фирдавс Ашӯрматов,  Созмони хонандагони вилояти Суғд ба номи Исмоили Сомонӣ 100 маҳфили доимоамалкунандаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар пояи муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои таҳсилоти иловагӣ бо ҷалби беш аз 2 ҳазор хонандагон роҳандозӣ намуданд.

Аксҳо аз бойгонӣ ва Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд

Июнь 23, 2021 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад