Дар Суғд оид ба вазъи эпидемиологии вилоят ҷаласаи корӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд дар марҳилаи аввали маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус Covid-19, то имрӯз беш аз 32 ҳазор нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва шахсони аз 60-сола боло ваксина гирифтанд.
Дар ин хусус зимни ҷаласаи корӣ оид ба вазъи эпидемиологии вилоят, ки таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар ҷаласаи мазкур роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва масъулини соҳаҳои тандурустиву кишоварзӣ иштирок доштанд.
Нахуст муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ вобаста ба вазъи эпидемиологии вилоят маълумот дода, зикр кард, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон дар мамлакат маъракаи ваксинагузаронӣ ҷараён дорад ва дар вилояти Суғд низ ин маърака бомаром ҷараён дорад.
Раҷаббой Аҳмадзода барои беҳтар ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, риояи тавсияҳои табибон дар назди масъулин вазифаҳо гузошта, таъкид кард, ки «бояд ҳар як нафар баҳри ҳифзи саломатии худу атрофиёнаш масъулият эҳсос намуда, ба ғайр аз онҳое, ки табибон иҷозат надодаанд, дигарон сари вақт ваксина гиранд. Сокинон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қойидаҳои беҳдошт ва фосилаи иҷтимоиро риоя карда, аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд»
Дар идомаи ҷаласаи корӣ муовини Раиси вилоят Зариф Назирӣ оид ба вазъи соҳаи кишоварзӣ гузориш дода, аз ҷониби роҳбари вилоят ҷиҳати ташкили нуқтаҳои фурӯши маҳсулот барои деҳқонон, ҷамъоварии меваҷот ва дигар ҳосили пухтарасида супоришҳои катъӣ дода шуд.








Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






