Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Барои рушд додани соҳаи сайёҳӣ бозори меҳнат ба мутахассисони варзида дар соҳаҳои хизматрасонӣ ниёз дорад. Ин матлабро роҳбари лоиҳаи Рушди сайёҳӣ Незиҳ Исчи 24 июни соли равон зимни мулоқот бо Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва роҳбари мушовирони Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҷаноби Ҷеймс Ҷессомин, ки дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ доир гардид, баён намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ширин Амонзода иброз намуд, ки дар сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, «Маркази таълими калонсолон» ва марказҳои ҳунармандӣ фаъолият доранд, ки бо истифода аз ин имконият метавон омӯзиши ихтисосҳои сайёҳиро ба роҳ монд. Дар сурати муваффақ шудан ва ҷалби бештари сайёҳон метавон ихтисосҳои нав ҷорӣ кард ва теъдоди курсҳои омӯзиширо бештар намуд.
Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои омори кормандон дар соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, барномаҳои ҷории афзоиши шуғл дар ин соҳа, пешбинии шуғл дар соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ дар панҷ соли оянда, барномаҳои рушди ҳунармандӣ ва сайёҳӣ дар чаҳорчубаи стартегияи давлатии соҳа, низом ва ҳолати такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Зимни мулоқот Ширин Амонзода диққати ҳозиринро ба зиёд гаштани шумораи ҷойҳои нави корӣ ва тағйир ёфтани талабот дар бозори меҳнат дар натиҷаи рушди соҳаи сайёҳии кишвар ҷалб намуд. Номбурда, аз ҷумла зикр намуд, ки «бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ин соҳа рӯ ба тараққиёт оварда, боз ҳам натиҷаи дилхоҳ дар сурати ба роҳ мондани ҳамкории қавӣ байни ҳамаи сохторҳои дахлдор ба даст хоҳад омад».
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи Рушди сайёҳӣ аз моҳи марти соли 2020 то декабри соли 2023 татбиқ карда шуда, аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ мешавад.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои амалӣ намудани ҳадафҳо ва рушди ҳамкориҳо иброз намуданд.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






