Дар Ворух синфхонаҳои нави таълимӣ барои омӯзиши барномаҳои компютерӣ ва дузандагӣ ба фаъолият оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 27.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ду синфхонаи нави таълимӣ барои омӯзиши барномаҳои компютерӣ ва дузандагӣ дар заминаи инфрасохтори намояндагии филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон бунёд гардида, аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар синфхона бо 10 мошинаи дӯзандагӣ ва 10 дастгоҳи компютерии муосир таъмин карда шудаанд. Дар заминаи ин синфхонаҳо имкон дорад, ки дар ду баст то 80 нафар хоҳишмандон аз ҳисоби аҳолии бекор ва бекасб ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.
Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни ифтитоҳи синфхонаҳои таълимӣ муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонзода ва муовини якуми Раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Исфара ва дигар намояндагони мақомоти дахлдор иштирок намуданд.
Муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонзода иброз намуд, ки «ташкил намудани чунин синфхонаҳо дар партави сиёсати Президенти мамлакат ва дар доираи нақша – чорабиниҳо аз натиҷаи сафари Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи Ворух амалӣ гардида, ин иқдом барои ҳарчи бештару беҳтар омӯхтани ихтисосҳои муосир, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани сокинон ва дар ин замина таъмин намудани бозори меҳнат бо мутахассисони касбӣ мусоидат менамояд».
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






