ДИҚҚАТ! Рӯзҳои наздик дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон шиддатёбии вазиши шамол ва тӯфони чангу ғубор дар назар аст
ДУШАНБЕ, 20.06.2021/АМИТ «Ховар»/. 20-21 июни соли равон дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 20-25м/с дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин бора дирӯз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳавошиносон шиддатёбии шамолро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Гулистон, Кӯлоб ва Ҳисор пешбинӣ мекунанд.
Дар робита ба ин КҲФ ва МГ аз сокинони ноҳияҳои Панҷ, Ховалинг, Рӯшон, Файзобод, Лахш ва Ёвон низ даъват ба амал овардааст, ки эҳтиёткор бошанд. Дар деҳоти Панҷи Поён, Айвоҷ, Эсанбой, Санглоқ, Бӯстонобод, ағбаҳои Чормағзак, Анзоб ва Шаҳристон низ вазиши шиддатноки шамол дар назар аст.
КҲФ ва МГ дар бораи эҳтимолияти тӯфони чангу ғубор ҳушдор дод.
Бино ба шарҳи Кумитаи мазкур, шамоли шиддатнок метавонад ба хатҳои барқ хисорот расонад, ки боиси қатъ шудани он дар нуқтаҳои аҳолинишин, фурӯ рехтани иншооти номустаҳкам, боми биноҳо ва афтодани дарахтон гардад.
КҲФ ва МГ аз сокинони минтақаҳо даъват ба амал овард, ки ашёи рӯзгорро аз ҳавлӣ ва балконҳо дур кунанд, дарахтони хушкро буранд, мошинҳоро аз иншооти ноустувор дуртар нигоҳ доранд ва агар имкон бошад, онҳоро дар гаражҳо гузоранд.
АКС: КҲФ ва МГ








Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад






