ДИҚҚАТ! Рӯзҳои наздик дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон шиддатёбии вазиши шамол ва тӯфони чангу ғубор дар назар аст

Июнь 20, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 20.06.2021/АМИТ «Ховар»/.  20-21 июни соли равон  дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 20-25м/с дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин бора дирӯз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳавошиносон шиддатёбии шамолро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Гулистон, Кӯлоб ва Ҳисор пешбинӣ мекунанд.

Дар робита ба ин КҲФ ва МГ аз сокинони ноҳияҳои Панҷ, Ховалинг, Рӯшон, Файзобод, Лахш ва Ёвон низ даъват ба амал овардааст, ки эҳтиёткор бошанд. Дар деҳоти Панҷи Поён, Айвоҷ, Эсанбой, Санглоқ, Бӯстонобод, ағбаҳои Чормағзак, Анзоб ва Шаҳристон низ вазиши шиддатноки шамол дар назар аст.

КҲФ ва МГ дар бораи эҳтимолияти тӯфони чангу ғубор ҳушдор дод.

Бино ба шарҳи Кумитаи мазкур, шамоли шиддатнок метавонад ба хатҳои барқ хисорот расонад, ки боиси қатъ шудани он ​​дар нуқтаҳои аҳолинишин, фурӯ рехтани иншооти номустаҳкам,  боми биноҳо ва афтодани дарахтон гардад.

КҲФ ва МГ аз сокинони минтақаҳо даъват ба амал овард, ки ашёи рӯзгорро аз ҳавлӣ ва балконҳо дур кунанд, дарахтони хушкро буранд, мошинҳоро аз иншооти ноустувор дуртар нигоҳ доранд ва агар имкон бошад, онҳоро дар гаражҳо гузоранд.

АКС: КҲФ ва МГ

Июнь 20, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст