Директори нави минтақавии БАТР дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 29.06.2021./АМИТ «Ховар»/. Айтен Рустамова (ДАР АКС) директори минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон таъйин шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуотии БАТР.
Кароргоҳи дафтари минтақавӣ дар Бишкек хоҳад буд ва Рустамова аз 1 сентябри соли 2021 ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ мекунад.
“Ман хеле шодам, ки дар Осиёи Марказӣ, ки дар тӯли 4 соли охир дар ин ҷо кор мекунам, мемонам. Талабот ба донишҳо ва захираҳои БАТР дар кишварҳое, ки ман мехоҳам нақл кунам, дар шароити COVID-19 ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Ман бо шарикон дар ҳама кишварҳо барои пешбурди лоиҳаҳои экологӣ, инклюзивӣ, рақамӣ ва тағйирдиҳандаи зиндагӣ, ки ба устувории иқтисодиёти ҳамаи ин кишварҳо мусоидат мекунанд, ҳамкории зич хоҳам кард. Ин корест, ки иҷрои онро ман ҳақиқатан бесаброна интизор ҳастам”, — гуфтааст вай.
Шаҳрванди Озарбойҷон Айтен Рустамова соли 2001 фаъолияташро дар БАТР шурӯъ карда, дар дафтари бонки Боку дар вазифаҳои гуногуни бонкӣ кор кардааст. Аз ҷумла, вай ба ҳайси бонкдори калон дар дафтари БАТР дар Боку кор кардааст ва дар он ҷо татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохториро назорат мекардааст. Ғайр аз ин, вай дар соҳаи ташкилотҳои молиявӣ, қарздиҳӣ бо асъори миллӣ, маблағгузории лоиҳаҳои самараноки энергетикӣ, инчунин соҳибкории хурду миёна таҷрибаи ғанӣ андӯхтааст.
Соли 2017 вай Роҳбари минтақавии БАТР дар Тоҷикистон таъйин шуда буд. Он замон, зимни боздиди дурӯза аз Душанбе ҳайати БАТР бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Инчунин мулоқотҳо бо роҳбарони вазоратҳо, Раиси Бонки Миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе, намояндаи Тоҷикистон дар Шӯрои мудирони БАТР ва намояндагони доираҳои молиявӣ, соҳибкорӣ ва дипломатӣ низ баргузор шуда буданд.
Дар вазифаи Директори минтақавии БАТР дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, Рустамова Нил Маккейнро иваз мекунад, ки ба қароргоҳи бонк дар Лондон бармегардад.
АКСИ: © хадамоти матбуоти БАТР








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






