Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои меҳмонхонаҳо ва марказҳои хизматрасонии Душанбе пешхизматҳои сатҳи ҷаҳонӣ омода мекунад
ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курсҳои тайёр кардани мутахассисону пешхизматҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ ва омӯзиши забонҳои англисӣ барои марказҳои хизматрасонӣ ва меҳмонхонаҳои пойтахт оғоз ёфт. Барои таҳсил дар курсҳои мазкур беш аз 80 нафар пешхизмат ва мутахассисони марказҳои хизматрасонӣ, инфрасохтори сайёҳӣ ва бахусус соҳаи меҳмонхонадории шаҳри Душанбе ҷалб гардида, ба онҳо мутахассисони варзида аз таълимгоҳҳои муътабари касбии ҷумҳурӣ ва хориҷи он дарс медиҳанд. Муҳлати таҳсил дар курсҳо аз 1 то 3 моҳро фаро гирифта, дар анҷом ба шунавандагон диплом ва ё сертификати касбӣ дода мешавад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, машғулиятҳо бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорон ҳангоми муаррифии лоиҳаҳои ангоравии меҳмонхонаҳои муосир 11 июли соли 2019 дар «Қасри миллат» баён доштанд, ташкил гардида, барои дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо дар самти тайёр намудани мутахассисон ва пешхизматҳои дараҷаи баланд бо донистани забонҳои хориҷӣ гузаронида мешавад.
Дар расми ифтитоҳи машғулият муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Ректори Донишгоҳи давлатии Тиҷорати Тоҷикистон Маҳмадалӣ Қурбонзода, муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода сухан намуда, ташкили чунин курсҳоро барои дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо дар инфрасохтори сайёҳиву ҷаҳонгардӣ, ба шумули меҳмонхонаҳо ва дигар марказҳои хизматрасониву истироҳатии пойтахт ва дар ин замина тайёр намудани мутахассисон ва пешхизматҳои дараҷаи баланд бо донистани забонҳои хориҷӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ташкили курсҳои омӯзишӣ дар доираи эълон г ардидани солҳои 2019-2021 — солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ мешавад.
Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе











ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






