Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои меҳмонхонаҳо ва марказҳои хизматрасонии Душанбе пешхизматҳои сатҳи ҷаҳонӣ омода мекунад

Июнь 3, 2021 13:33

ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курсҳои тайёр кардани мутахассисону пешхизматҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ ва омӯзиши забонҳои англисӣ барои марказҳои хизматрасонӣ ва меҳмонхонаҳои пойтахт оғоз ёфт. Барои таҳсил дар курсҳои мазкур беш аз 80 нафар пешхизмат ва мутахассисони марказҳои хизматрасонӣ, инфрасохтори сайёҳӣ ва бахусус соҳаи меҳмонхонадории шаҳри Душанбе ҷалб гардида, ба онҳо мутахассисони варзида аз таълимгоҳҳои муътабари касбии ҷумҳурӣ ва хориҷи он дарс медиҳанд. Муҳлати таҳсил дар курсҳо аз 1 то 3 моҳро фаро гирифта, дар анҷом ба шунавандагон диплом ва ё сертификати касбӣ дода мешавад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, машғулиятҳо бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорон ҳангоми муаррифии лоиҳаҳои  ангоравии меҳмонхонаҳои муосир 11 июли соли 2019 дар «Қасри миллат» баён доштанд, ташкил гардида, барои дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо дар самти тайёр намудани мутахассисон ва пешхизматҳои дараҷаи баланд бо донистани забонҳои хориҷӣ гузаронида мешавад.

Дар  расми ифтитоҳи машғулият муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Ректори Донишгоҳи давлатии Тиҷорати Тоҷикистон Маҳмадалӣ Қурбонзода, муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода сухан намуда, ташкили чунин курсҳоро  барои дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо дар инфрасохтори сайёҳиву ҷаҳонгардӣ, ба шумули меҳмонхонаҳо ва дигар марказҳои хизматрасониву истироҳатии пойтахт ва дар ин замина тайёр намудани мутахассисон ва пешхизматҳои дараҷаи баланд бо донистани забонҳои хориҷӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ташкили курсҳои омӯзишӣ дар доираи эълон г ардидани солҳои 2019-2021 — солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри  Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ мешавад.

  Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Душанбе

Июнь 3, 2021 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст