Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Васеъгардонии вазъи иқтисодии занон барои рушди устувор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон» доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Васеъгардонии вазъи иқтисодии занон барои рушди устувор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон» бо иштироки роҳбарзанон ва бонувони соҳибкори Туркманистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар шакли маҷозӣ ва ҳузурӣ баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷониби Тоҷикистонро дар ин форум раиси Кумитаи мазкур Ҳилолбӣ Қурбонзода муаррифӣ кард.
Мавсуф бо маърӯзаи таҳлилӣ оид ба вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкории занону духтарони тоҷик суханронӣ намуд.
Форуми мазкур дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи соҳибкорзанони ҷумҳурӣ баргузор гардида, масоили тақвияти ҳамкории густурдаи тарафҳо ва имкониятҳо, дурнамоҳои минбаъдаи рушди фаъолияти соҳибкории занону бонувони кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дод.
АКС аз Кумитаи кор бо занон ва оила








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






