Фурудгоҳи байналмилалии «Нурсултон Назарбоев» парвозҳоро ба Тоҷикистон афзоиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 09.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии «Нурсултон Назарбоев» парвозҳоро бо Тоҷикистон ва боз бо 13 кишвари ҷаҳон оғоз намуд. Дар ин бора раиси Кумитаи авиатсияи граждании Қазоқистон Талгат Ластаев иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Казинформ».
«Мутаассифона, авиатсияи гражданӣ соҳаест, ки аз ҳама бештар аз пандемия зарар дид. Аммо аз аввали соли равон парвозҳо барқарор шуданд ва нишондиҳандаҳои асосӣ каме афзоиш ёфтанд.Аз аввали сол шумораи парвозҳо ба 47% расида, 2,5 миллион нафаррро фаро гирифт. Шумораи мусофироне, ки фуругоҳ хидмат мерасонад ба 39% ё 4,6 миллион нафар зиёд шудааст. Имрӯзҳо дар саросари Қазоқистон парвозҳои дохилӣ пурра фаъол гардидаанд»,- афзуд Талгат Ластаев дар маросими ифтитоҳи гулгашти Авиаторон, ки ба 90-умин солгарди фурудгоҳ бахшида шудааст.
Вай гуфт агар сухан дар бораи парвозҳои байналмилалӣ равад, ҳаракати ҳавоӣ бо 14 кишвар барқарор карда шудааст.
«Дар байни онҳо Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон, Россия, Қирғизистон, Беларус, Украина, Германия, Гурҷистон, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Миср, Нидерландия ва Черногория ҳастанд. То имрӯз комиссия қарори иловагӣ баровардааст. Мо шумораи парвозҳо ба Анталияи Туркияро зиёд хоҳем кард. Мо инчунин дар самти афзоиши парвозҳо ба Украина ва Тоҷикистон кор карда истодаем», — тазаккур дод номбурда.
Тавре АМИТ Ховар қаблан бо истинод ба агентии «Sputnik» хабар дода буд, аз 10 июни соли равон Россия низ шумораи парвозҳои мунтазамро бо Тоҷикистон зиёд мекунад. Интизор меравад, ки дар масири Маскав — Душанбе дар як ҳафта боз як хастсайр роҳандозӣ гардад.








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






