ФУТЗАЛ. 5 июн бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» доир мешавад

Июнь 4, 2021 10:56

ДУШАНБЕ, 04.06.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Пагоҳ, 5 июн бозии Суперҷоми Тоҷикистон дар соли 2021 оид ба футзал  байни қаҳрамони феълии Тоҷикистон  дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд  ва барандаи Ҷоми кишвар  дастаи футзали «Соро компания» -и шаҳи Душанбе дар маҷмааи Қасри Варзиши шаҳри Хуҷанд соати 16:00 баргузор мешавад.

Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки соли гузашта бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал байни дастаҳои «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  ва  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар шаҳри  Душанбе баргузор шуда, бо пирӯзии  дастаи  футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд  бо натиҷаи 4:2 ба анҷом расида буд.

                                                                                                                     Акс аз ФФТ 

Июнь 4, 2021 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид