Гулчеҳра Қоҳирова: «Иштироки Тоҷикистон дар баргузории Рӯзи астероидҳо барои баланд бардоштани эътибори кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти калон дорад»

Июнь 30, 2021 11:47

ДУШАНБЕ, 30.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол 30 июн ситорашиносони ҷаҳон Рӯзи астероидҳоро ҷашн мегиранд. Санаи мазкур бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ 6 декабри соли 2016 эълон шуда буд. Ҳадафи баргузории он —  баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеаи ҷаҳон дар бораи хатари бархӯрд бо астероидҳо мебошад. Ҳар рӯз зиёда аз 100 тонна маводи кайҳонӣ аз боқимондаҳои астероидҳо ва кометаҳо ва «хокрӯбаҳо» -и гуногуни кайҳонӣ ба Замин фурӯ мерезанд. Аксари ин ҷисмҳо ҳанӯз дар атмосфера тахриб мешаванд. Рӯзи байналмилалии астероидҳо -чорабинии умумиҷаҳонӣ аст, ки ба паҳн кардани иттилоот дар бораи астероидҳо ва дигар ҷисмҳои кайҳонӣ, хатаре, ки бархӯрд бо онҳо метавонад ба бор биоварад ва мо барои ҳифзи сайёраи худ чӣ кор карда метавонем, нигаронида шудааст.

Тавре директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова зимни мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр кард, иштироки Тоҷикистон дар таҷлили Рӯзи астероидҳо барои оммавигардонии донишҳои астрономӣ дар байни мактаббачагон, донишҷӯён ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. “Илова бар ин, нуфузи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ноқили ташаббусҳои осоиштаи шаҳрвандии СММ меафзояд”, — таъкид  кард мусоҳиб.

Ба гуфтаи вай, дар робита бо ин сана Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии Тоҷикистон 29 июн дар бинои пажӯҳишгоҳ ва Расадхонаи астрономии Ҳисор мизи мудаввар баргузор намуд.

Тавре роҳбари пажӯҳишгоҳи илмӣ шарҳ дод, дар мизи мудаввар олимон, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва дӯстдорони астрономия фаъолона ширкат варзиданд.

Олимони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АМИТ бо муаррифиҳои илмӣ — оммавӣ баромад карданд, маърӯзаҳо намуда, рӯйдодҳои гуногуни астрономиро шарҳ доданд. Қисми дуюми чорабинӣ дар Расадхонаи астрономии Ҳисор баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ва ҳаводорони астрономия бо телескопҳо ва панорамаи расадхона шинос шуданд.

“Аз тариқи ин кори тавзеҳотӣ оид ба донишҳои астрономӣ дар байни донишҷӯён ва дӯстдорони астрономия обрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мақсадҳои осоишта барои ташаббусҳои шаҳрвандии Созмони Милали Муттаҳид баланд бардошта шуд. Чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи астероидҳо дар Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалии илмӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ шуданд”, — гуфт дар хотима Гулчеҳра Қоҳирова.

АКС: Пажӯҳишгоҳи астрофизики АМИ ҶТ

Июнь 30, 2021 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад