Хадамоти муҳоҷират: Шаҳрвандон бояд то 30 июни соли равон буду боши худро дар Федератсияи Россия ба расмият дароранд

Июнь 4, 2021 16:35

ДУШАНБЕ, 04.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. То 30 майи соли равон ба дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 17804 нафар шаҳрвандон бо дархост муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 17118  нафар шифоҳӣ, 40 нафар  муроҷиати  хаттӣ ва 646 нафари онҳо тавассути телефони боварӣ муроҷиат намудаанд. Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия, зиёда аз панҷ ҳазор нафар, ки дар рӯйхати мамнӯъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират ворид гардида буданд,  аз сафари бебарор баргардонида шуданд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, асосан муроҷиаткунандагон оид ба  масъалаҳои муайян намудани ҳолати беруншавӣ (депортатсия) аз Федератсияи Россия, қонунгузории  кишвари кордиҳанда, оид ба гирифтани патент дар Федератсияи Россия, барқарор намудани  ҳуҷҷатҳои  гумшуда, кумаку ёрӣ расонидан барои ба Ватан баргаштани хешовандон ва ғайра муроҷиат менамоянд.

Ҳамзамон Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати таъсиси ҷойҳои кории нав ва дар ин замина паст намудани шиддати муҳоҷирати мехнатӣ ба хориҷа, ки яке аз масъалаҳои муҳими рӯз маҳсуб меёбад, ҳамкориро бо мақомотҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба роҳ монда, масъалаи мазкурро таҳти назорати доимии худ қарор додааст.

Мавриди зикр аст, ки зимни додани иҷозатномаи фаъолият барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба масъалаи таъсиси ҷойҳои кории нав ва бокортаъминкунии шаҳрвандони кишварамон дар ин субъектҳои хоҷагидор афзалият дода мешавад. Бо ин мақсад дар соли 2020 ширкатҳое, ки мутахассисони хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намудаанд, дар баробари онҳо 34 528 нафар ва дар панҷ моҳи соли 2021 бошад 12 670 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро  бо ҷои кор таъмин намудаанд.

Ногуфта намонад, ки дар ин муддат аз ҷониби кормандони масъули раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор бо аҳолии  ВМКБ, вилоятҳои Суғду   Хатлон,    шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ва  шаҳри Душанбе  1585 вохӯрӣ ва суҳбатҳо  гузарониданд.  Ҳадаф аз гузаронидани чунин вохӯриҳо, пеш аз ҳама  фаҳмонидани фармони Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемияи COVID -19» мебошад.

Боиси зикр аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, бояд ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷирати ноҳияҳои Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия муроҷиат намуданд, худро ба қайд гиранд ва буду боши худро дар Россия тамдид намоянд. Тибқи фармони мазкур, агар шаҳрвандони ҷумҳурӣ буду боши худро дар​ Федератсияи Россия​ то 30 июни соли​ равон ба расмият надароранд, ба таври худкор ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия мань аст, шомил мешаванд.

Хадамоти муҳоҷират бори дигар аз муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки барои муайян ва огоҳ намудани онҳо ҷиҳати расмикунонии буду бош дар Федератсияи Россия ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муроҷиат намоянд.

АКС аз Хадамоти муҳоҷират

Июнь 4, 2021 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст карда мешавад
ОГОҲӢ. Дар Тоҷикистон то 17 май ҳарорати ҳаво баланд мешавад
Оила — ҷоест, ки дар он ҳама аъзои хонавода эҳсоси оромиш, амният ва ишқ намоянд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Дар Шанхай вохӯрии роҳбарони сохторҳои минтақавӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи минтақаҳои наздимарзии давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» ҷамъбаст гардид
Нахустин маротиба дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳӣ бе буриш аз даҳон гузаронида шуд
Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд
Дар Тоҷикистон оид ба дарки коррупсия таҳқиқоти маҷмуии сотсиологӣ анҷом дода шуд
Дар «Боғи Ирам» Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» доир мегардад
Аввалин таҳқиқоти Маркази яхшиносии Тоҷикистон оид ба тавозуни зимистона гузаронида шуд
Масъалаи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гардид