«Хуш омадед-Қадамингизга ҳасаннот», «Ду боли як кабӯтар», — шарҳи матбуоти даврӣ

Июнь 18, 2021 11:30

ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон матбуоти  даврии кишвар рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро бозтоб намудаанд.

«Ҷумҳурият» — Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи аввали шумораи рӯзи сешанбе,  15 июни соли 2021 мақолаҳоро таҳти унвони «Тоҷикистон. Аз ташаккули давлатдороии миллӣ то ҷойгоҳи баланд дар Созмони ҳамкории Шанхай» ва «Турсунзода ва овози Шарқ» ба нашр расонидааст.

Муаллифи  мақолаи «Турсунзода ва овози Шарқ», мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Зафар Мирзоён нигоштааст, ки «Устод Мирзо Турсунзода беш аз 20 сол Шӯрои умумиҷаҳонии сулҳро сарварӣ мекард ва хизматҳои ӯро ҳамчун яке аз асосгузорони фаъоли ин ҳаракати обрӯманди ҷаҳонӣ ба назар гирифта, намояндагони кишварҳои Осиё ва Африқо махсус қайд карда мегуфтанд: «Мирзо Турсунзода тимсоли муборизаи халқҳои Осиё ва Африқо барои озодӣ ва истиқлолият аст». Дар ҳақиқат  офаридаҳои  ин фарзанди фарзонаи тоҷик, илҳомбахши муборизаи халқҳои Шарқ барои истиқлолият, сулҳ, оромиву осудагӣ гардида буд. «Қиссаи Ҳиндустон» — и устод дар баробари ба чоп расидан аз марзҳои Иттиҳоди Шӯравӣ берун шуда, дар мамлакатҳои Шарқ машҳур гашт.  «Ман аз Шарқи озод», «Садои Осиё», «Духтари муқаддас», «Аз Ганг то Кремл» ва силсилашеърҳои дигари устод дар муборизаи озодихоҳонаи халқҳои Шарқ нақши чашмрас доштанд».

Дар ин шумораи «Ҷумҳурият» мақолаҳои дигар низ  таҳти унвони «Кабӯтари сулҳ», «Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов ду шаҳпари симурғи дӯстӣ», «Осиёро ман ба чашми хештан санҷидаам…», «Шоири башардӯст», «Сафири сулҳу амният вассофи дӯстию ҳамдилӣ», «Мирзо Турсунзода дар Хуҷанд. Як саҳифаи норавшани рӯзгори шоир» ва «Гиромидошти фарзонафарзанди Тоҷик аз Эрон то Ҳиндустон»  рӯи чоп омадаанд, ки ба ҳаёт ва  эҷодиёти Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон  устод Мирзо Турсунзода бахшида шудаанд.

Аз ҷумла дар мақолаи «Гиромидошти фарзонафарзанди Тоҷик аз Эрон то Ҳиндустон» муаллиф менигорад, ки «Ӯ замони Шӯравӣ аз арбобони ангуштшумори сиёсию давлатие буд, ки дар ИҶШС ва берун аз он нуфузу эътибори баланд дошт. Тоҷикон  бо номи ӯ ҳамеша ифтихор мекунанд. Ин аст, ки дар асоси пешниҳод ва супориши Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон имсол дар радифи Ҷашни миллии кишвар — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз таҷлили саду даҳсолагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода низ бо тантана идома дорад».

 «Садои мардум»-нашрияи Парлумони Тоҷикистон — Маҷлиси Олӣ дар шумораи рӯзи  панҷшанбе, 17 июни  соли 2021 гузориши муффасалро  доир ба  сафари кори Пешвои миллат ба вилояти Хатлон ва мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021-ро таҳти унвони «20 соли СҲШ: Ҳамкорӣ баҳри суббот ва шукуфоӣ» нашр намудааст.

Дар мақолаи «20 соли СҲШ: Ҳамкорӣ баҳри суббот ва шукуфоӣ», аз ҷумла гуфта шудааст: «…Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи бисёрҷониба ба рушди робитаҳои самаранок дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай (минбаъд-СҲШ / Созмон) таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бесабаб нест, ки дар Консепсияи ҳоло амалкунандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр шудааст: «Ҳадафи иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ таҳкими муносибати неки ҳамсоягӣ, робитаҳои боэътимод ва дӯстона байни давлатҳои аъзо ва нозирон дар Созмон, инчунин амнияту суббот ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа мебошад».

Дар ин шумораи  «Садои мардум» ҳамчунин мақолаҳои зерин:  «Ғолибони «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» қадрдонӣ шуданд», «Осоиштагӣ ва пешрафти кишвар самарии заҳматҳои Пешвои миллат аст» ва «Меҳвари сулҳу амонӣ ваҳдат аст» пешкаши хонандагони нуктасанҷ гардидааст.

Муаллифи мақолаи «Осоиштагӣ ва пешрафти кишвар самарии заҳматҳои Пешвои миллат аст», судяи Суди ноҳияи Тоҷикобод Фотеҳ Қувватзода таъкид мекунад, ки «Шояд дар ҷаҳон чун Пешвои миллат кам роҳбаре бошад, ки бо ҷӯшу хурӯш, ғайрату талошҳои матин сидқан бо неруи ҷавонмардона миллатро ба сарҷамъиву ваҳдат, ба корҳои ободу созанда роҳнамоӣ намуда, барои ояндаи дурахшони кишвар шабонарӯз заҳмат кашад. Вале бо вуҷуди ин, халалрасонии ифротгароён ва «садҳои сунъии аҳриманӣ», таърих гувоҳ аст, ки дар фарҷоми ин гирудори мураккаб адолат бар ҷаҳолат пирӯз мегардад.Умеду боварӣ дорем, ки таҳти роҳнамоии Пешвои миллат бо ­бунёд гардидани иншооту шоҳроҳҳо ва неругоҳҳои азим мамлакат дар ояндаи наздик аз нури ваҳдату шукуфоӣ дурахшон ба яке кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мубаддал мегардад».

«Народная газета» — нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 23 (20304) чоршанбе, 16 июни   соли 2021 чун дигар нашрияҳои расмии мамлакат аз ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти унвони «Официальный визит Президента Республики Узбекистан Шавката Мирзиёева в Республику Таджикистан», «Визит Президента Республики Узбекистан откроет новую страницу в отношениях между нашими странами», «Качествео новый уровень отношений дружбы и добрососедства» ва «Стратегическое партнерство Таджикистана и Узбекистана на современном этапе», инчунин мақолаи Пешвои миллатро таҳти унвони «20 лет ШОС: сотрудничество во имя стабильности и процветания» чоп намудааст. Ҳамзамон дар ин шумора хонандагони «Народная газета» метавонанд хабару гузоришҳои ҷолибро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат  мутолиа намоянд.

«Минбари халқ»— нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи 24 (1318), чоршанбе, 16 июни соли 2021  ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавқат Мирзиёевро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз ҳамсоягии нек то шарики стратегӣ» пурра инъикос намудааст. Ҳамзамон дар ин шумораи рӯзномаи мазкур  хабару гузоришҳои ҷолиб аз сафари кории  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоятҳои Суғду Хатлон нашр гардидааст.

Дар ин шумора ҳамчунин  мақолаҳо таҳти унвони «Хуш омадед-Қадамингизга ҳасаннот» ва «Ду боли як кабӯтар» ба  нашр расидаанд.

Муаллифи мақолаи  «Ду боли як кабӯтар»,  собиқадори меҳнат аз шаҳри Душанбе Қ. Шоҳзодаҳасанова чунин нигоштааст: «…ба роҳбарони ин давлатҳо ташаккур мегӯем, ки дӯстии чандинасраи тоҷикону ӯзбеконро аз нав эҳё намуданд. Мо бояд доимо ҳаммарому дӯсту бародар бошем. Тоҷикону ӯзбекон ду боли як кабӯтаранд, ҳоҳони онам, ки ба роҳбари ду давлат қувваю матонати илоҳӣ бахшанду якумр дар сари давлат бошанд. Боз хурсандии бениҳоят калон аз он шаҳодат медиҳад, рафту омади мардуми ҳарду кишвар озодона мешавад, иқтисодиёташон беҳ ва тараққӣ меёбад».

 Фирӯзаи Давлат,
АМИТ «Ховар»

Июнь 18, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«РОЗА ВОСТОКА». Маҳина Нурова аз Тоҷикистон сазовори Шоҳҷозаи ин фестивал гардид
Дар Тоҷикистон марҳилаи нави корҳои бостоншиносӣ оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали мӯд баргузор гардид
«ДИЛНАВИШТА». Таҳти чунин унвон маҳфили эҷодии Ибодулло Машраб баргузор гардид
«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт
«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд