Ҷиҳати пешгирии бемори COVID-19 вохӯрии Ораш Алоӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доир шуд

Июнь 16, 2021 16:41

ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳурияви ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  мақсади баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва сари вақт огоҳ намудани аҳолӣ оид ба  хатари бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19  вохӯрии табиби маъруфи эронитабори Амрико, сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк (ИМА) Ораш Алоӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Нахуст директории  Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳурияви ташаккул тарзи ҳаёти солим» Парвина Мухторова  иброз дошт, ки имрӯзҳо ба назар мерасад, ки шаҳрвандон нисбат ба саломатии худ беэътиноӣ зоҳир намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои тиббӣ кам истифода менамоянд ва фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд.

«Ҳарчанд, ки дар мамлакати мо COVID-19 нест, вале ин маънои онро надорад мо нисбат ба ин масъала бетараф бошем. Хуруҷи ин беморӣ дар баъзе кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз ҳам ба мушоҳида мерасад ва мо набояд дар ин масъала бепарвоӣ зоҳир намоем. Намояндагони воситаҳои ахбори омма имкони анҷоми  корҳои назаррасро ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ доранд ва бояд дар ин ҷода фаъолнокӣ нишон диҳанд»,- афзуд П. Мухторова.

Сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк Ораш Алоӣ иброз дошт, ки воситаҳои  ахбори омма дар  пешгирӣ аз бемории   COVID-19 саҳми намоён  дошта, журналистонро лозим аст, ки дар ин самт барномаву роликҳои оммафаҳм ва диққатҷалбкунандаро омода намоянд.

«Пӯшидани ниқоб, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ  ва дигар чораҳои эҳтиётӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ мебошад. Ман мушоҳида мекунам, ки дар Душанбе мардум  бисёр бепарвоӣ  зоҳир мекунанд, ки ин боиси нигаронист. То пурра аз байн рафтани ин бемории сироятӣ дар ҷаҳон  ҳамагонро лозим аст, ки эҳтиёт бошанд ва қойидаҳои заруриро ҷиҳати пешгирии covid-19  риоя намоянд.   Намояндагони ВАО бояд барномаҳои тарғиботиро дар ин мавзӯъ бештар намоянд, то ки шаҳрвандон эҳтиёткор бошанд»,- таъкид намуд Ораш Алоӣ

Июнь 16, 2021 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд