Ҳифзи сулҳу суботи Тоҷикистонро вазифаи муқаддаси шаҳрвандии худ меҳисобем,-бардошт аз вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони мамлакат

Июнь 4, 2021 16:16

ДУШАНБЕ, 04.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз эҳсоси ватандӯстӣ дар байни аҳолии кишвар тақвият ёфта, занону ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ барои таҳкими рушди устувори кишвар талош намуда истодаанд ва пайравони асилу ҳақиқии Пешвои миллат будани худро бо рафтору гуфтори худ муаррифӣ намуданд. Ин матлабро муовини Раиси Кумитаи  кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Абдулмаинзода, ки шомили гурӯҳи таблиғотӣ дар вилояти Хатлон буд,  таассуроти  хешро аз ин сафари корӣ  ба АМИТ “Ховар”  баён намуд.

-Бо мақсади фаро гирифтани бештари аҳолӣ ба суҳбату вохӯриҳо ҳайати гурӯҳи кории вилояти Хатлон ба се зергурӯҳ ҷудо карда шуд.

Аъзои ҳайати гурӯҳе, ки ман ба он шомил шудам,   муовини сардори шуъбаи Маркази миллии қонунгузорӣ Мирқодир Қодирзода, роҳбари Маркази иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маҳмадулло Наимов, сардори раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Маҳмадализода, ҷонишини директори институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ Фозил Абдурашидов, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода, директори Китобхонаи марказии вилояти Хатлон Тутинисо Юсуфзода низ буданд. Гурӯҳи мо  ба  ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус, Қубодиён ва Панҷи вилояти Хатлон сафарбар шудем ва суҳбату мулоқотҳо дар ноҳияҳои болозикр бо сокинони тамоми Ҷамоатҳои деҳот доир намудем- афзуд муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила.

Зарина Абдулмаинзода дар идомаи суҳбат илова кард, ки дар ин вохӯриҳо аз ҷониби ҳайати гурӯҳи корӣ  вобаста ба дастовардҳои 30-соли соҳибистиқлолии кишвар, таҳкими ваҳдату истиқлолияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас, амалишавии ҳадафҳои стратегии таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии иқтисодиёти кишвар, инчунин хизматҳои арзандаву таърихӣ ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини рушду пешрафти Тоҷикистони азиз, ташаббусҳои байналмилалии он ва муаррифии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирии хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир аз ҷумла, зуҳури бемориҳои сироятӣ, хурофотпарастӣ, терроризму ифротгароӣ, рӯ овардан ба либоси бегона, буҳронҳои экологӣ, иҷрои амалӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нуқтаҳои дақиқу возеҳ расонида шуданд.

Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила тазаккур дод, ки дар раванди ҳар як суҳбату мулоқотҳо маълум гардид, имрӯз мардуми сарбаланду шарафманди Тоҷикистон сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайравӣ намуда, татбиқи самараноки онро рисолат ва ҳадафи асосии худ мешуморанд. Амалигардии ҳадафу ормонҳо, умед ва бовар ба ояндаи дурахшон аз барномарезиҳои инсон,  меҳвар ва сиёсати арзишманди Пешвои миллат  мебинанд.

-Имрӯз барои хурду бузург Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва мавҷудияти амнияти миллӣ аз муҳимтарин арзишҳои олӣ мебошанд. Аз ҷумла, сокинони ноҳияҳои Н.Хусрав, Шаҳритус, Қубодиён ва Панҷ  ин арзишҳои олии зикргардидаро шарти асосии ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон ва расидан ба рушди устувори кишвар арзёбӣ намуданд. Насли калонсол ҳангоми вохӯриҳо таъкид намуданд, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро хуб дар хотир доранд ва ба суботи сиёсии имрӯзи Тоҷикистон арҷ гузошта, ҳифзи онро вазифаи муқаддаси шаҳрвандии худ ҳисоб мекунанд, илова кард номбурда.

Тибқи иттилои мавсуф, дар ҳар як вохӯрии доиргардида, тамоми табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла, фаъолон, ҷавонону  бонувон, аҳли зиё, соҳибкорон, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, раисони маҳалаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, толибилмони муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуда,  гурӯҳҳои таблиғотиро муовинони раисони ноҳияҳо ҳамроҳӣ намуданд.

-Аз суҳбат бо сокинони ноҳияҳо маълум гардид, ки марум дар шинохти хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир маълумоти кофӣ доранд ва иброз доштанд, ки гурӯҳҳои бадхоҳи миллат ҳанӯз ҳам ба ҳар восита мехоҳанд ба суботи сиёсии кишвар халал ворид созанд. Аммо имрӯз на душман қодири дурафкании мо зи мову на тири ҷонкашон қодир ба нобудии миллати тоҷик дорад. Мо, мардуми бонангу номуси Тоҷикистон  имрӯз ҳамаи он гурӯҳҳои иртиҷоиро маҳкум менамоем, -таъкид намуд Зарина Абдулмаинзода.

Воқеан ҳам бо ҳидояту дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар барои  дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо суръати баланд идома доранд. Ба хубӣ эҳсос кардем, ки ҳар як сокини ватандӯсту ватанпарвар ин ҷашни муқаддасро дар баробари он, ки ҷашни миллӣ медонад, ҳамчунон робарои худ ҷашни фардӣ арзёбӣ намуда, корҳои ободониро аз хонаи худ оғоз намудааст. Ҳамзамон, азнавсозӣ ва тармими роҳҳои маҳаллӣ, бунёди боғҳо, сохтмони иншоотҳои хурду бузург, марказҳои хизматрасонӣ, бунёди муассисаҳои таҳсилотӣ ва ғайра аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки сокинон дар ин раванд бо шаҳомат саҳми худро гузошта  истодаанд, — гуфт бо ҳисси қаноатмандӣ   муовини Раиси Кумитаи  кор бо занон ва оила.

-Ҳамин гуна вохӯриҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуданд. Аъзоёни гурӯҳи корӣ бо дарки баланди масъулият фаъолияти хешро ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон, занону духтарон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги  миллӣ 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаднок роҳандозӣ намуданд, -гуфт дар фарҷоми суҳбат  Зарина Абдулмаинзода.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи дастуру супориши Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги  миллӣ  30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби гурӯҳҳои таблиғотӣ бо аҳли ҷомеа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 24 то 28 майи соли 2021 мулоқоту суҳбатҳо  доир гардида буданд

 АКСҲО аз Кумитаи кор бо занон ва оила

Июнь 4, 2021 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад