ИМА дар Тоҷикистон барномаи энергетикиро ба маблағи 39 млн доллар фаъол намуданд
ДУШАНБЕ, 02.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи нави панҷсолаи минтақавии энергетикиро бо буҷаи 39 млн доллари ИМА — «USAID — Энергетикаи Осиёи Марказӣ» дар Тоҷикистон фаъол намуданд. Ин барнома ба панҷ кишвари Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон — барои ноил шудан ба ҳадафҳои афзалиятноки миллӣ, ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ аз тиҷорати фаромарзии захираҳои энергетикӣ ва баланд намудани сатҳи амнияти энергетикӣ аз ҳисоби ҳамгироии минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.
Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода дар сухани ифтитоҳии худ таъкид кард: «Мо ба USAID ва шарикони рушд барои саҳмашон дар пешрафти бахши энергетика ташаккур мегӯем ва ба ҳамкории минбаъдаи пурсамар ва мутақобилаи судманд умедворем».
Иҷрокунандаи вазифаи Директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонс зикр кард: «Бозорҳои энергетикии рақобатпазир ва муваффақ, инчунин амнияти энергетикӣ барои мусоидат ба рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ моҳияти ҳалкунанда доранд».
Тавре ки дар иттилоияи сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфта шудааст, Осиёи Марказӣ аз ҳисоби обшавии пиряхҳо ва неруи шамол аз ба ҳам хӯрдани доимии ҳавои кӯҳӣ бо ҳавои гарми минтақаҳои хушк, дорои манбаъҳои ғании энергияи барқароршавандаи аст. Тоҷикистон имконоти қобили мулоҳиза барои беҳбуди самаранокии энергетикӣ мебошад, инчунин ният ва заминаи ҷиддӣ ҷиҳати тавсеаи ҳамкории минтақавии энергетикӣ дорад.
Тавассути барномаи нав, USAID ба ҳукуматҳои минтақа, корхонаҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ба шумули агентиҳо ва ташкилотҳои байналмилалии рушд, операторони система, сармоягузорони маҳаллӣ ва байналмилалӣ ва ширкатҳои энергетикӣ кумаки техникӣ мерасонад. USAID ислоҳоти миллӣ ва минтақавии бозорҳои энергетикиро дастгирӣ мекунад, бозори минтақавии неруи барқро тақвият медиҳад ва барои васеътар ҷорӣ намудани технологияҳои энергияи «тоза» аз манбаъҳои маъмулӣ ва барқароршаванда мусоидат мекунад.
Зикр мегардад, ки дар даҳсолаи охир USAID дар фароҳам овардани заминаи ташаккули бозори фаъоли системаи энергетикии минтақавии муфид дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши калидиро иҷро кардааст. USAID инчунин заминаи меъёрӣ — ҳуқуқиро барои таъмини рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, рақамикунонии бахши энергетика ва тақвияти амнияти киберӣ тақвият бахшидааст.
Дар доираи лоиҳаи «Энергетикаи Осиёи Марказӣ», USAID бо шарикони маҳаллӣ ва минтақавӣ барои баланд бардоштани зарфиятҳои мутахассисони маҳаллӣ ҳамкории зич мекунад, инчунин рушди муносиботи бозаргониро дастгирӣ мекунад.








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






