ИМА дар Тоҷикистон барномаи энергетикиро ба маблағи 39 млн доллар фаъол намуданд

Июнь 2, 2021 11:51

ДУШАНБЕ, 02.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи нави панҷсолаи минтақавии энергетикиро бо буҷаи 39 млн доллари ИМА — «USAID — Энергетикаи Осиёи Марказӣ» дар Тоҷикистон фаъол намуданд. Ин барнома ба панҷ кишвари Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон — барои ноил шудан ба ҳадафҳои афзалиятноки миллӣ, ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ аз тиҷорати фаромарзии захираҳои энергетикӣ ва баланд намудани сатҳи амнияти энергетикӣ аз ҳисоби ҳамгироии минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.

Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода дар сухани ифтитоҳии худ таъкид кард: «Мо ба USAID ва шарикони рушд барои саҳмашон дар пешрафти  бахши энергетика ташаккур мегӯем ва ба ҳамкории минбаъдаи пурсамар ва мутақобилаи судманд умедворем».

Иҷрокунандаи вазифаи Директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонс зикр  кард: «Бозорҳои энергетикии рақобатпазир ва муваффақ, инчунин амнияти энергетикӣ барои мусоидат ба рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ моҳияти ҳалкунанда доранд».

Тавре ки дар иттилоияи  сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфта шудааст, Осиёи Марказӣ аз ҳисоби обшавии пиряхҳо ва неруи шамол аз ба ҳам хӯрдани доимии ҳавои кӯҳӣ бо ҳавои гарми минтақаҳои хушк, дорои манбаъҳои ғании энергияи барқароршавандаи аст. Тоҷикистон имконоти қобили мулоҳиза барои беҳбуди самаранокии энергетикӣ мебошад, инчунин ният ва заминаи ҷиддӣ ҷиҳати тавсеаи ҳамкории минтақавии энергетикӣ дорад.

Тавассути барномаи нав, USAID ба ҳукуматҳои минтақа, корхонаҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ба шумули агентиҳо ва ташкилотҳои байналмилалии рушд, операторони система, сармоягузорони маҳаллӣ ва байналмилалӣ ва ширкатҳои энергетикӣ кумаки техникӣ мерасонад. USAID ислоҳоти миллӣ ва минтақавии бозорҳои энергетикиро дастгирӣ мекунад, бозори минтақавии неруи барқро тақвият медиҳад ва барои васеътар ҷорӣ намудани технологияҳои энергияи «тоза» аз манбаъҳои маъмулӣ ва барқароршаванда мусоидат мекунад.

Зикр мегардад, ки дар даҳсолаи охир USAID дар фароҳам овардани заминаи ташаккули бозори фаъоли системаи энергетикии минтақавии муфид дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши калидиро иҷро кардааст. USAID инчунин заминаи меъёрӣ — ҳуқуқиро барои таъмини рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, рақамикунонии бахши энергетика ​​ва тақвияти амнияти киберӣ тақвият бахшидааст.

Дар доираи лоиҳаи «Энергетикаи Осиёи Марказӣ», USAID бо шарикони маҳаллӣ ва минтақавӣ барои баланд бардоштани зарфиятҳои мутахассисони маҳаллӣ ҳамкории зич мекунад, инчунин рушди муносиботи бозаргониро дастгирӣ мекунад.

Июнь 2, 2021 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид