КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар замини аз гардиш дурмонда шолӣ кишт намуданд

Июнь 17, 2021 08:25

ДУШАНБЕ, 17.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои зертобеи худ бо мақсади мусоидат ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва расидан ба зиндагии шоиста, дар баробари иҷрои корҳои таблиғотӣ, ҳамчунин ба таври амалӣ дар самти истифодабарии мақсадноки замин ташаббускорӣ нишон дода, ба ин васила мехоҳанд дар фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ  саҳмгузор бошанд.

Тавре аз Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кормандони кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб бо ин мақсад дар хоҷагии ёрирасони назди кумита, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав дар майдони ду гектар кишти шолиро ба роҳ монданд. Роҳбарияти кумита мақсад доранд, ки бо ба даст овардани ҳосили хуб аҳли кормандон ва як қатор ниёзмандонро бо таъмини ин маҳсулоти кишоварзӣ ҳавасманд намоянд.

Майдони кишти шолие, ки айни замон кормандони кумитаи вилоятии ҳизб дар он сарукор доранд, бинобар сабаби шӯршавӣ аз гардиш дур монда буд. Ёдовар мешавем, ки чунин ташаббус аллакай аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ роҳандозӣ гардида истодааст.

Июнь 17, 2021 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад