Консули генералии Тоҷикистон дар Алмаато патенти консулии худро расман супорид
ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато Равшан Бобохонзода бо Роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Алмато Аскар Шоқибаев баргузор гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ консули навтаъйин патенти консулии худро расман супорид.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва илму фарҳангро мавриди баррасӣ қарор дода, дар бораи имконоти густариши бештари муносибатҳои дуҷониба табодули назар намуданд.
Дар поёни мулоқот А. Шоқибоев Консули генералиро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шудан табрик карда, изҳор намуд, ки Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Алмато барои фаъолияти самарабахши Консулгарии генералӣ дар кишвари маҳалли иқомат кумаки ҳамаҷониба мерасонад.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






