Корҳои соҳилмустаҳкамкунии дарёчаи Кӯлоб оғоз мешаванд

Июнь 30, 2021 12:12

ДУШАНБЕ, 30.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи офатзадаи шаҳри  Кӯлоб корҳои барқарорсозӣ бомаром идома дошта, аз ҷумла бо кумаки Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) соҳили дарёчаи шаҳр, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидааст, мустаҳкам гардонида мешавад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  намояндагони Агентии Япония  оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA)  бо ин мақсад  ба шаҳри Кӯлоб омада, дар якҷоягӣ бо  раиси шаҳри Кӯлоб  Абдуқодир Вализода  аз макони зарардида дидан намуданд.

Зикр шуд, ки Агентии мазкур  барои корҳои соҳилмустаҳкамкунии ин мавзеъ сӯзишворӣ кӯмак расонида, тасмим гирифтааст, ки минбаъд  низ  баҳри анҷоми корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ  дар шаҳри Кӯлоб  мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки  дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел рӯзи 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 43 хона пурра ва 102 хона қисман, 606 иншооти ёрирасон, 4 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 6 километр роҳ, 10 пул, қариб 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор, 13,5 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 500 метр қубурҳои обгузар ва дигар иншооту таҷҳизоти инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва коммуналӣ зарар дид.

Июнь 30, 2021 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд