«Корвони китоб» ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 2832 нусха китоб ройгон тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 30.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз ҷониби ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонаҳои 15 шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон — шаҳри Норак, ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Мӯъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон ва Ёвон 200 номгӯй китоб бо теъдоди 2832 нусха ройгон дастрас гардиданд.
Дар ин бора корманди Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои (КВДТС) «Китоб» Мирзо Содиқ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» иҷрои фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили сафари «Корвони китоб» ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон» аз ҷониби КВДТС «Китоб» ба анҷом расонида шуд.
«Аввалин шуда «Корвони китоб» ба шаҳри Норак ворид гардида, 200 нусха китобҳои шоирону нависандагони классику муосири тоҷик ва аз адабиёти дигар миллату халқиятҳои ҷаҳонро ба китобхонаи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Норак расонид.
Ҳамчунин «Корвони китоб» ба китобхонаи ноҳияи Данғара 200 нусха китобҳои гуногунжанрро ройгон тақдим намуд. Ҳамзамон дар Донишгоҳи давлатии Данғара намоиш – фурӯши китоб баргузор карда шуд, ки масъулин теъдоди зиёди китобҳои бадеӣ, илмию соҳавиро барои мукаммал гардонидани китобхонаи Донишгоҳ харидорӣ карданд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад






