Литсеи касбӣ техникии ноҳияи Шуғнон бо таҷҳизоти муосири дӯзандагӣ таъмин гардид

Июнь 18, 2021 11:43

ХОРУҒ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассиси давлатии таълимии  Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шуғнон дар асоси лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касби- техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва  шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби 78 адад  мошин ва таҷҳизотҳои дигари дӯзандагӣ гардид. Акнун дар баробари шогирдони литсей дар ин ҷо занону духтарони бешуғли ҷамоати деҳоти Навободи ин ноҳия ҳунари дӯзандагиро ёд мегиранд. 

Ба гуфтаи директори литсеи мазкур Ҳалима Мамадаёзова, дар доираи ин лоиҳа Бонки Осиёии Рушд 78 адад мошинҳои дӯзандагӣ, ҳамчунин таҷҳизоти дигари заруриро ба муассиса  дастрас намуд.

«Ҳоло ду синфхонаро ба коргоҳи дӯзандагӣ табдил додем, ки дар онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.  Дар як синфхона барои шогирдони литсей дарсҳои амалӣ баргузор мекунем ва дар синфхонаи дигар занони хонашини деҳа шуғли дӯзандагиро ёд мегиранд», -афзуд Ҳалима Мамадаёзова

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки «дар навбати аввал, 20 нафар занони деҳа, ки бо касби дӯзандагӣ каму беш шинос ҳастанд, ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ин дӯзандагон дар баробари қабули дархост аз мизоҷон барои дӯхтани либосҳои миллӣ, ҳамчунин ду соат ба омӯзиши усулҳои нави дӯхти куртаҳои пурнақшу нигори тоҷикӣ машғул мешаванд. Солҳои қаблӣ пироҳани занонаро дастӣ ороиш медоданд, аммо ҳоло ин амалро мошинҳои муосири дузандагӣ  низ анҷом медиҳанд. Талабот ба  ин навъи куртаҳои тоҷикӣ сол аз сол бештар мегардад. Куртаҳои мӯди нав ҳатто таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷиро низ ба худ ҷалб мекунанд».

Тавассути  барномаи мазкур барои хобгоҳи литсей 5  адад мошини ҷомашӯӣ, 14 тахтаи дарзмолкунӣ ва14 адад хушкунаку 14 дарзмол  дастрас  ва дар ихтиёри  муҳасиллини  ин муассиса қарор дода шуданд.

Июнь 18, 2021 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд