«Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе» таъмиру таҷдид мегардад

Июнь 7, 2021 14:28

ДУШАНБЕ,07.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Муассисаи  давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру таҷдид мегардад. Бо ин мақсад гурӯҳи корӣ дар ҳайати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, директори НБО-и  «Норак» Фазлиддин Шоиддинов, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Абдулғаффор Раҳмонзода аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе»  боздид намуда, бо вазъи феълӣ ва шароити зисту таҳсили тарбиятгирандагони он  шинос шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни шиносоии гурӯҳи корӣ бо вазъи муассиса маълум шуд, ки барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва будубоши таълимгирандагон зарурати андешидани  тадбирҳои амалӣ- таъмиру таҷдиди бинои таълимӣ, бинои хобгоҳ ва анборҳо барои нигоҳдории ашёҳои аввалиндараҷа, корҳои навсозӣ дар таъмини гармидиҳӣ, таъминоти хӯрокворӣ, бунёди майдонча ва толори варзишӣ  зарур аст.

Гурӯҳи корӣ бо тарбиятгирандагони муассиса мулоқот намуда,   фикру мулоҳизаи онҳоро оид ба шароити зист, барномаи таълимӣ ва касбомӯзӣ шуниданд.

Баъди баррасии масъалаҳои ҷойдошта гурӯҳи корӣ тасмим гирифт, ки дар наздиктарин муҳлат нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, давра ба давра барои татбиқи корҳои таъмиру таҷдид ва таъминот аз рӯи зарурат ва дархост чораҳои амалӣ  андешанд. Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе»  таълимгоҳи махсус буда, соли 1947 бунёд  шудааст. Айни замон  дар таълимгоҳ 35 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар оянда шумораи онҳо ба 80 нафар расонида хоҳад шуд.

Муассиса ягона таълимгоҳи махсус мебошад, ки дар он наврасони синни 14-18- сола аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ барои таълиму тарбия ва омӯхтани касбу ҳунарҳои гуногун фаро гирифта мешаванд.

Таълимгирандагон асосан ятимони кулл, нимятимон, фарзандоне, ки волидайнашон онҳоро саробонӣ намекунанд ва дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа мебошанд.

Аксҳо аз  Бонки милии Тоҷикистон

Июнь 7, 2021 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид