Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» амалӣ мешавад

Июнь 22, 2021 08:53

ДУШАНБЕ,22.06.2021/АМИТ «Ховар»/. 21 июн  дар Душанбе Созишнома оид ба маблағгузорӣ барои Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ба имзо расонида шуд.  Санади мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Питер Олтерс ба имзо расониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Вазорати молияи Тоҷикистон хабар доданд.

«Маблағи умумии Лоиҳа 58,0 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, пурра дар шакли грант пешниҳод гардида,  он аз соли 2021 то соли 2027 татбиқ мегардад. Ҳадафи асосии Лоиҳа тақвияти заминаи бахши устувори соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ тавассути зиёд кардани дастрасии тухмии хушсифат, ниҳолҳои ба иқлим тобовар, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии агрологистикии деҳқонон ва корхонаҳои кишоварзӣ, тақвияти идоракунии институтҳои давлатӣ мебошад»,- афзуд манбаъ

Иттилоъ дода шуд, ки  маблағҳои ҷалбшуда дар доираи Лоиҳа барои фароҳам овардани муҳити мусоид, таҳқиқот, баланд бардоштани иқтидори муассисаҳои миллии кишоварзӣ дар самти таҳқиқот ва рушд барои мутобиқ гардонидани технологияҳои мавҷуда ба шароити маҳалл, зиёд кардани тухмиҳо, ниҳолҳо ва маводҳои ниҳолшинонӣ, таъмини сифат, дастгирии фаъолияти Марказҳои агрологистикӣ, мониторинги воқеии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи замин ва агрометереология равона мегарданд.

Акс аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ

Июнь 22, 2021 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд