Мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» мегузаронад

Июнь 25, 2021 08:57

ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 17 июн  дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ташаббуси мақомоти корҳои дохилӣ амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷараён дорад, ки он то 27 июн идома меёбад. Кормандони шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар доираи талаботи амалиёти мазкур ҷиҳати тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқуқии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ба минтақаҳо сафарбар гардида, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ мегузаронанд.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, 22 июн ҳамин гуна корбарии мақсаднок дар ҳудуди маъмурии маҳаллаи 8-и шаҳри Хуҷанд баргузор карда шуд. Аз ҷониби кормандон дар биноҳои баландошёна, майдону толорҳои варзишӣ, нуқтаҳои истироҳатӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ санҷишҳои профилактикӣ доир карда шуд. Ҷанбаи фарқкунандаи марҳилаи навбатии амалиёти маданияти шаҳрдорӣ, ки ташаббускори он милитсия мебошад дар он аст, ки бе таъсиррасонии ҳуқуқӣ мегузарад. Яъне нисбат ба  ҳуқуқвайронкунанда протокол тартиб дода нашуда,  танҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида мешавад.

Дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд мавзӯи суҳбат бо аҳолӣ паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти рӯзмарраро фаро гирифт. Насли калонсол оид ба  унсурҳои халалрасонанда ба тартиботи ҷамиятӣ ва роҳҳои пешгирии он, маданияти шаҳрдорӣ, одоби ҳамсоядорӣ, риояи қоидаҳои буду бош бо милитсия суҳбат карданд. Дар байни ҷавонон тарзи ҳаёти солим тарғиб гардида,  таваҷҷӯҳи асосӣ ба интихоби дурусти пайроҳаи зиндагӣ дода шуд. Машғул нашудан ба оворагардӣ ва самранок истифода бурдани давраи таътили тобистона дар мулоқот бо наврасон матраҳ гардид.

Ёдрас мешавем, ки амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» бо ҷалби сохтору идораҳои давлатӣ ва фаъолони маҳал ҷараён дорад. Ҳадафи асосии чорабинӣ пешгирӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқуқӣ, муноқишаҳои оилавӣ ва унсурҳои бегонапарастӣ, риояи қонунҳои амалкунанда ва муҳимтар аз ҳама тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мебошад, ки аз талаботи асосии  амалисозандаи раванди ислоҳоти милитсия маҳсуб меёбад.

АКСҲО: ВКД ҶТ

Июнь 25, 2021 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад