Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 485 иншооти гуногун дар шаҳри Хуҷанд имкони ташкили 2000 ҷойи кори навро фароҳам овард
ХУҶАНД, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд сохтмон, таъмир ва навсозии 510 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Корҳо дар ин самт идома доранд. Аз ҷумла, бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Тоҳир Олимӣ ба ифтихори санаи ҷашнӣ барои ятимон ва кӯдакони бе сарпараст муассисаи нави томактабӣ сохта мешавад.
Тавре аз маъмурияти шаҳри Хуҷанд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳудуди маҳаллаи Бофанда бо дарназардошти меъёрҳои муосир ва тамоми шароити зарурӣ кӯдакистони нав барои тарбия ва таҳсили 200 тифл бунёд мешавад.
Бинои нави муассисаи томактабӣ дуошёна буда, аз 7 синфхона ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар саҳни ҳавлии он 7 айвони тобистона барои гузаронидани корҳои беруназсинфӣ ва тарбияи ҷисмонӣ сохта мешавад.
То моҳи январи соли 2021 дар Хуҷанд 46 муассисаи таълимии томактабӣ, аз ҷумла 32 кӯдакистони давлатӣ, 14 кӯдакистони хусусӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо зиёда аз 8600 кӯдак таълиму тарбия мегиранд.
Умуман, то ҳол аз миқдори умумии иншооти дар Хуҷанд банақшагирифташуда аллакай 485 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода шудаанд, инчунин зиёда аз 2000 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтаанд.










Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






