Завқӣ Завқизода бо Мирҷана Сполярич Эггер тавсеаи ҳамкориии Тоҷикистон бо БРСММ-ро баррасӣ намуданд

Июнь 22, 2021 09:32

ДУШАНБЕ, 22.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Миллаи Муттаҳид /БРСММ/ дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ  Завқизода бо Директори Бюрои минтақавии БРСММ оид ба Аврупо ва ИДМ хонум Мирҷана Сполярич Эггер дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо БРСММ дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамкории зич дошта, бо дастгирии БРСММ Тоҷикистон аввалин кишваре буд, ки соли 2017 «Ҳисоботи ихтиёрии миллӣ»-и худро дар мулоқоти сатҳи баланд дар шаҳри Ню — Йорки Амрико муваффақона муаррифӣ намуд. Ҳамзамон соли 2018 Ҳисоботи миллӣ оид ба ҷараёни татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар дар ҳошияи Ҳазорсолаи Рушди Устувор  /ҲРУ/ гузаронида шуд, ки барои таҳлили минбаъдаи татбиқи ҲРУ заминаи асосӣ гузошт.

Зикр шуд, ки дар ҳамкорӣ бо БРСММ ҷиҳати таъмини суботи макроиқтисодӣ, коҳиши вобастагии иқтисоди миллӣ аз таъсироти беруна, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва диверсификатсияи истеҳсолот, Вазорати рушди иқтисод ва савдо «Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» -ро таҳия намуд, ки барои милликунонии ҲРУ дар кишвар мусоидат менамояд.

Гуфта шуд, ки айни замон дар ҳамкорӣ бо БРСММ як қатор лоиҳаҳо дар Тоҷикистон ҷиҳати боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум амалӣ шуда истодааст. Завқӣ Завқизода аз ҷониби БРСММ дархост  намуд, ки  ҷиҳати сафарбар намудани маблағҳои иловагӣ барои лоиҳаи кишвар ва амалисозии нақшаҳои минбаъдаи ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла таҳияи шарҳи пурраи татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва муаррифии он дар ҷаласаи Шӯрои Миллии Рушд /ШМР/, тақвияти иқтидори Котиботи ШМР, инчунин таҳияи ҳисоботи ихтиёрии миллӣ дар соли 2022 мусоидат намоянд.

Мусоҳибон дар анҷом  омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ  дар самтҳои зикршуда, ки дар маҷмӯъ ба устувории макроиқтисодӣ мусоидат менамоянд, баён доштанд.

 Акс аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои  ҶТ

Июнь 22, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд