Мулоқоти сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад дар шакли ҳузурӣ сурат бигирад

Июнь 1, 2021 10:08

ДУШАНБЕ, 01.06.2021/АМИТ «Ховар»/.  Ӯзбекистон интизор дорад, ки мулоқоти сеюми машваратии сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки қаблан дар соли 2020 пешбинӣ шуда буд, дар шакли ҳузурӣ  баргузор хоҳад шуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дирӯз котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини роҳбари дастгоҳи ӯ Шерзод Асадов зимни брифинги навбатӣ хабар дод.

Ба гуфтаи Шерзод Асадов, кор дар ин самт идома дорад. «Аммо муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мо кӯшиш мекунем, ки ин мулоқот дар шакли ҳузурӣ баргузор шавад. Шакли онлайн баррасӣ намешавад», — зикр  кард ӯ.

Сухангӯи сарвари Ӯзбекистон  гуфт, ки шароити пандемия имкон намедиҳад, ки макон ва вақти мулоқоти навбатӣ номбар карда шавад.

«Мо якҷоя бо шарикони худ як сол боз ба мулоқоти навбатӣ омодагӣ мегирем. Як бастаи хеле калон ва муътабари аснод омода карда мешавад, ки имзо хоҳанд шуд», — афзуд Шерзод Асадов.

Мулоқоти сеюми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ибтидо моҳи августи соли 2020 дар Бишкек ба нақша гирифта шуда буд, сипас ҳамоиш то тирамоҳ мавқуф гузошта шуд, аммо бо сабаби пандемияи коронавируси COVID-19, он то соли равон мавқуф гузошта шуд. Баъдтар Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов зимни мусоҳиба бо расонаҳои маҳаллӣ гуфта буд, ки ин ҳамоиш метавонад соли 2021 дар Туркманистон баргузор шавад.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти нахустини машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон Нур-Султон ва дуввумини он  — моҳи ноябри соли 2019 дар Тошканд баргузор шуда буданд ва дар он ҷо низомномаи баргузории онҳо тасвиб шуд — соле як маротиба.

 АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 1, 2021 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд