Мумфаршкунии роҳи Хуҷанд-Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 30.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии роҳи Хуҷанд-Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшида шуд. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мазкур ба масофаи 1,5 км мумфарш карда мешавад. Паҳноии роҳ то ба 13 метр расида, ҷӯйбори ду канори он ба тартиб оварда шуда, чароғонкунии кӯча низ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳи мазкур, ки тавассути он сокинони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ба маркази вилоят рафту омад мекунанд, солҳо инҷониб таъмир нашуда буд.
Раиси вилоят ба корҳои мумфаршкунӣ оғоз бахшида, зимни суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошта, то имрӯз 7000 иншоот дар вилоят ба истифода дода шуд. Дар ин раванд мумфаршкунии роҳҳо низ вусъат ёфта, танҳо дар соли равон 300 км роҳҳои шаҳру ноҳияҳо пурра мумфарш хоҳад шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз сокинон даъват намуд, ки дар ободонии маҳал ва биноҳои истиқоматӣ саҳми худро гузошта, кӯчаву маҳаллаи хешро тозаву озода нигоҳ доранд.
Сокинон Мукаррама Сатторова ва Содирхон Умаров ба роҳбарияти давлату Ҳукумат барои иҷрои кори хайр ва мумфаршкунии роҳи мазкур миннатдории худро баён доштанд.








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






