Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мудири Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон мулоқот намуд

Июнь 5, 2021 09:27

ДУШАНБЕ, 05.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 ва 4 июни 2021 мулоқотҳои Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Имомӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Мудири Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Носиров, ки ҷиҳати ширкат дар Конфронси муштараки илмӣ-амалӣ “Нуқтаҳои нави рушди тавсеа ва таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” ба Тоҷикистон омадааст, баргузор гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ хабар доданд.

Дар рафти мулоқотҳо аҳамияти баргузории чорабиниҳо дар чаҳорчӯби омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вежа Конфронси зикргардида, ки барои таҳкими равобити ҷомеаи коршиносони ду кишвар ва ҷустуҷӯи нуқтаҳои нави рушди тавсеа ва ҳамкории босамар саҳмгузор хоҳад буд,  таъкид гардид.

Ҷонибҳо ҷиҳати роҳандозии ҳамкории судманд миёни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хидмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ изҳори омодагӣ намуданд. Дар поён Созишномаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои зикршуда ба имзо расид.

Мулоқотҳо дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардиданд.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Июнь 5, 2021 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд