Муовини Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Диловар Қодирзода бо раиси шаҳри Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 08.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. 7 июн дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илми мамлакат Диловар Қодирзода бо раиси шаҳри Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй баргузор гардид.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушвақт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
“Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба соҳаҳои маориф ва илми Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла ҷудо намудани бурсияҳо ба довталабони афғон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон, густариш додани ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ду мамлакат, табодули таҷриба миёни омӯзгорони афғону тоҷик, такмили ихтисоси омӯзгорони афғон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи таълим дар мактаби “Сомониён”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд”,-афзуд манбаъ.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, илм ва техника ва Созишнома миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст.
Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 50 бурсияи таҳсилӣ дар зинаҳои бакалавр ва магистр ҷудо мегардад. Инчунин дар доираи ҳамкории байнидонишгоҳӣ 19 созишнома байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал мекунад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки айни ҳол 468 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаҳои забономӯзӣ, бакалавриат, магистратура, ординатура, интернатура, аспирантура, доктор Phd ва унвонҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар доираи вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм барои шаҳрвандони Афғонистон дар шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти умумии “Сомониён” фаъолият менамояд, ки он дорои 450 нафар хонанда мебошад.
Инчунин пешниҳод гардид, ки ҳамкории дуҷониба миёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишварҳо густариш дода шуда, дар заминаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои бозомӯзии омӯзгорони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба роҳ монда шавад.








Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст






